МАВРИГИ

Мавриги – мервский стиль‚ создателем которого является основоположник таджикско-персидской классической музыки Борбад (конец 6 и начало 7 вв.). Это уникальный музыкально-поэтический и танцевальний жанр народно-профессиональной музыки устной традиции.
Мавригихоны (исполнители мавриги) образуют группу музыкантов‚ в которую входят инструменталисты‚ певцы и танцовщицы. Широко бытует среди таджиков Бухары‚ а также в Гиссарской долине Таджикистана (Каратаг‚ Шахринав).
Мавриги – это уникальный жанр музыкального искусства, присущий древним бухарским традициям, который был широко распространен в XIX веке. Включающий в себя музыку и пение, он привлекает внимание своей утонченностью, насыщенностью колоритными мелодиями.

 Мавригӣ - ин таронаҳои мардумӣ бо номи мавригӣ дар байни тоҷикони Бухорову Самарқанд, инчунин яҳудиёни тоҷик (бухороӣ) маъруф буданд ва ҳастанд, гарчанде имрӯз бархе аз онҳо ба забони бегона садо медиҳанд. Якчанд аз ин гуна сурудҳоро бастакорони классик пурра ё қисман ба таркиби таронаҳои машҳури Шашмақом, аз қабили Уфари Уззол, Оромиҷон ва ғ. ворид сохтаанд. Матни бархе аз ин гуна таронаҳоро, ки ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудаанд

1. Мавригӣ

Кам-камак рафтам сӯйи заргаре,
Кам-камак рафтам сӯйи заргаре.
Заргаре, гуфтам, гӯшвор надорӣ?
Заргаре, гуфтам, гӯшвор надорӣ?
Духтарак, духтарак, духтарак имшаб меҳмони ман аст,
Оташи ишқаш дар ҷони ман аст.
Дилбари ҷонам ҳамин аст, дилбари ҷонам,
Дилбари ҷонам ҳамин аст, дилбари ҷонам.

Аз шаҳри Самарқанд ояд имшаб,
Бегоҳи мурод аст магар имшаб?
Аз шаҳри Самарқанд ояд имшаб,
Бегоҳи мурод аст магар имшаб?
Биё духтар туро мебинам имшаб,
Бегоҳи мурод аст магар имшаб?
Биё духтар туро мебинам имшаб,
Бегоҳи мурод аст магар имшаб?

Бой, бой, бое, абрукат думи море,
Бой, бой, бое, абрукат думи море,
Бой, бой, бое, абрукат думи море,
Бой, бой, бое, абрукат думи море.

2. Мавригӣ

Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ,
То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ.
Имшаб чӣ шаб аст, ман ба гирдат мастам, ёре, май ба кас мадеҳ,
Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ,
То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ.
Аз лоларухе, ки истам дидастам, ҷоне, май ба кас мадеҳ,
Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ,
То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ.
Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ,
То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ.

Лоларуху симинбару сарви равони кистӣ,
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?
Лоларуху симинбару сарви равони кистӣ,
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?
Ба ҳар чаман расидаӣ, тарфи суман бастаӣ,
Нархи шакар шикастаӣ, ширинзабони кистӣ?
Лоларуху симинбару сарви равони кистӣ,
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?
Зи каманди ту маро кард асир, ёрамо,
Наргиси масти ту маро обу адо, обу адо.
Лоларуху симинбару сарви равони кистӣ,
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?
Холи сиёҳи пушти лаб додаӣ, доми дил бувад
Лахти дилам ба чашми ту реш бувад асирҳо.
Лоларуху симинбару сарви равони кистӣ,
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?
Лоларуху симинбару сарви равони кистӣ,
Сангдилу ситамгару пистадаҳони кистӣ?

Сафеди ман, гули барги беди ман,
Сафеди ман, гули барги беди ман,
Аҳ, ту равам ба пешате,
Сафеди ман, гули барги беди ман,
Гапҳо занам ба гӯшате,
Сафеди ман, гули барги беди ман,
Гапҳои ман алам кунад,
Шишта-шишта хумор кунад,
Сафеди ман, гули барги беди ман,
Сафеди ман, гули барги беди ман.

Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст, ёре,
Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст, ёре,
Эй ҷӯраи ҷон, бе ту ҷаҳонро чӣ кунам, ёре,
Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст, ёре,
Бе ту гули сурхи арғувонро чӣ кунам, ёре,
Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст, ёре,
Бе ту гули сурхи арғувон бисёр аст, ёре,
Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст, ёре,
Дил майли ту дорад, дигаронро чӣ кунам, ёре,
Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст, ёре,
Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст, ёре.

Ту маликаи хубон,
Ту маликаи хубон,
Омад-омадат гардам,
Ту маликаи хубон,
Омад-омадат гардам,
Ту маликаи хубон,
Ҷӯраи нағзи ман,
Ту маликаи хубон,
Бодоми думағзи ман,
Ту маликаи хубон,
Ту маликаи хубон,
Ту маликаи хубон.

3. Мавригӣ

Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Эй, ҷононаи ман, ту меравӣ, ман чӣ кунам, ёре,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Нигоро, ин қадар қаҳру ғазаб чист?
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Дилат ба ман намесӯзад сабаб чизе,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Даме ки сӯхта бошӣ, ман нахандаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме.

Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Гули сурхи нозанинам, ту зи ман хабар надорӣ,
Гули сурхи нозанинам, ту зи ман хабар надорӣ,
Шабу рӯз, ман аминам, ту зи ман хабар надорӣ,
Шабу рӯз, ман аминам, ту зи ман хабар надорӣ,
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Ба Худои зулҷалолат, кун аз ин дилам тавалло,
Ба Худои зулҷалолат, кун аз ин дилам тавалло,
Назаре кунад ба ҳолам, ба дилам диҳад тасалло,
Назаре кунад ба ҳолам, ба дилам диҳад тасалло,
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам, чӣ чора?
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора,
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора.

Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр,
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр.
Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
Дар канори гулзор, бо шароби гулнор,
ЯЯк-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр,
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр.

Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Нигори нозанин ҳастам ғуломат,
Бигир дастам, бубар болои бомат,
Агар болои бом ҳар кас набошад,
Бидеҳ бӯса аз он гирди лабонат.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Қади сарват Илоҳӣ хам нагардад,
Дили шодат ба доми ғам нагардад,
Илоҳӣ бошию садсола бошӣ,
Ки соет дар сари мо кам нагардад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
(Такмили Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов)

4. Мавригӣ

Дар биёбон най навохтам, хирмани гул даргирифт,
Дар биёбон най навохтам, хирмани гул даргирифт,
Ҳайфи рӯйи беғуборам, чанги хокистар гирифт,
Ҳайфи рӯйи беғуборам, чанги хокистар гирифт,
Аз сари долон гузаштам, наъли кафшат ёфтам
Аз сари долон гузаштам, наъли кафшат ёфтам
Аз барои наъли кафшам шишасандуқ сохтам.
Аз барои наъли кафшам шишасандуқ сохтам.
Шишасандуқ, ё тасаддуқ, хона меҳмон омадаст,
Шишасандуқ, ё тасаддуқ, хона меҳмон омадаст,
Аз Бухоро як ҷавони моҳи тобон омадаст,
Аз Бухоро як ҷавони моҳи тобон омадаст,
Аз Бухоро як ҷавони моҳи тобон омадаст.

Як ханда кун, ду ханда кун,
Як хандаи зебанда кун.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Дилама бароят банда кун.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Як хандаи зебанда кун.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Дилама бароят банда кун.
Ҷоно, ба мо ҷон шудаӣ,
Андак-андак он шудаӣ,
Як қади нозанин дорӣ
Дар баданам ҷон шудаӣ.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Як хандаи зебанда кун.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Дилама бароят банда кун.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Як хандаи зебанда кун.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Дилама бароят банда кун.

Ҷон, дар шаҳри Бухоро дили гул, манзили гулқанд аст,
Дар шаҳри Бухоро дили гул, манзили гулқанд аст,
Эй ёр надонад, ки дилам қанду дилам қанд аст,
Дар шаҳри Бухоро дили гул, манзили гулқанд аст,
Симои рухат иди Яман, дасти Яман қанд аст,
Дар шаҳри Бухоро дили гул, манзили гулқанд аст,
Моро ҳаваси дидани гул қанду шакарқанд аст,
Дар шаҳри Бухоро дили гул, манзили гулқанд аст,
Дар шаҳри Бухоро дили гул, манзили гулқанд аст.

Эй ёр, тасаддуқ, дилдор, тасаддуқ,
Эй ёр, тасаддуқ, дилдор, тасаддуқ,
Эй ёр, тасаддуқ, дилдор, тасаддуқ,
Дил дар қадамат сад раҳу сад бор тасаддуқ,
Дил дар қадамат сад раҳу сад бор тасаддуқ,
Дил дар қадамат сад раҳу сад бор тасаддуқ.

5. Мавригӣ

Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.

Гардам зи ниҳоли қадду бастат, ҷон,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.

Тақдири мани ғариб ба дастат, ҷон,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.

Май нӯшидам, аз ту беқарорамо,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.

Аз наргиси дидагони мастат, ҷон,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.

Маро ба қошакот,
Банда кардие.
Маро ба рӯякот,
Банда кардие.
Маро ба чашмакот,
Банда кардие.
Маро ба гардакот,
Банда кардие.

Эй, шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.

Маҳваши нозукбаданам орзу,
Маҳваши нозукбаданам орзу.
Нозу назар аз маҳи тобон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Ақлу хирад аз тану аз ҷон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Ёди қадат аз мани ҳайрон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Оҳи дили зор зи афғон гузашт,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Кард ба ман моҳ рухи дилфиреб,
Маҳваши нозукбаданам орзу,
Хандаи бисёр ба чандин ҳисеб,
Маҳваши нозукбаданам орзу.
Орзу, орзу,
Ороми ҷон,
Орзу, орзу,
Ғунчадаҳон,
Орзу, орзу,
Офати ҷон,
Орзу, орзу,
Дардаш ба ҷон,
Орзу, орзу,
Ширинзабон,
Орзу, орзу.

Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Гардам зи лабони шаккаринат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Аз холи сиёҳи анбаринат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Қурбони нигоҳи пур зи нозат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Чашмакзаниҳои ахтаринат,
Юсуфи ман, Юсуфи мане,

Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Нигори нозанини аҳли дардаме,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардаме,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Сарамро гар бурӣ бо ханҷари тезе,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Ба хун ҷавлонзанон гирди ту гардаме,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
Э вой, вой, вое,
Абрукаш думи море.
(Такмили Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов)

6. Мавригӣ

Ёр омаду ёр омадо, ба ҷонам,
Ёр аз раҳи дур омадо, ба ҷонам,
Бархезу канораш гире, ба ҷонам,
Ёри рафта бозомадо, ба ҷонам,
Ёри рафта бозомадо, ба ҷонам.

Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад,
Ой, гул гуфт, маро зи боғ оҳиста баред,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Ой, ман нозукаму маро бардошта баред,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Ой, дар кӯчаи ошиқон маро металабанд,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Ой ман бегунаҳам, чаро маро баста баред.
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад.
Ой, себарга бигуфт, дар замин сабза манам,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Ой, бунафша бигуфт, ҷавони пурғамза манам,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Ой, садбарг бигуфт, ки лофи беҳуда мазан,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Ой, тоҷи сари ошиқони пурғамза манам.
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад.

Аз боло об меояд, ҳай лола,
Бӯйи палав меояд, ҳай лола,
Аз боло об меояд, ҳай лола,
Бӯйи палав меояд, ҳай лола,
Дарвозаро во кунед, ҳай лолае,
Ёраки ман меояд, ҳай лола,
Ёраки ман меояд, ҳай лола.

Чашми сиёҳи зоғат, ҳай лола,
Модар набинад доғат, ҳай лола,
Чашми сиёҳи зоғат, ҳай лола,
Модар набинад доғат, ҳай лола,
Модар бинад, набинад, ҳай лолае,
Ошиқ набинад доғат, ҳай лола,
Ошиқ набинад доғат, ҳай лола,
Ошиқ набинад доғат, ҳай лола.

Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гулбадаст меравад, дасти бадаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад,
Гула бо кас надиҳед, гул ба шикаст меравад.

7. Мавригӣ

Зангӯла ба дастонат бубанд, зангӯла ба дастон,
Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Зангӯла ба дастонат бубанд, зангӯла ба дастон,
Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд.

Шақ-шақи зангӯлаву ҳам чақ-чақи дандон,
Ҳей!
Аз пушти ангушти ту лабҳои хандон,
Ҳей!
Чак-чаки пойкӯбиву ҳам чак-чаки дойра,
Ҳей!
Бо ҷилваҳо, бо ишваҳо мекушӣ мора,
Ҳей!
Чак-чаки пойкӯбиву ҳам чак-чаки дойра,
Ҳей!
Бо ҷилваҳо, бо ишваҳо мекушӣ мора,
Ҳей!

Зангӯла ба дастонат бубанд, зангӯла ба дастон,
Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Зангӯла ба дастонат бубанд, зангӯла ба дастон,
Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд.

Лаб-лаби бом лола қатор, лоларо бинед,
Ҳей!
Духтари маҳчеҳраи қинғоларо бинед,
Ҳей!
Ба ноз чу рақс карда баромад ба майдон,
Ҳей!
Аз қалби ошиқписарон ноларо бинед.
Ҳей!
Ба ноз чу рақс карда баромад ба майдон,
Ҳей!
Аз қалби ошиқписарон ноларо бинед.
Ҳей!

Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Зангӯла ба дастонат бубанд, зангӯла ба дастон,
Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд.

8. Мавригӣ

Борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Э, борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.

Гуфтам, ки эй ҳусни замон,
Пешам биё, оғӯшат кунам.
Гуфтам, ки эй ҳусни замон,
Пешам биё, оғӯшат кунам.
Парда ба саҳрои дилам
Гулҳои гардак мезанад.
Парда ба саҳрои дилам
Гулҳои гардак мезанад.

Борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Э, борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.

Ҷоҳоби хуш аз ёд рафт,
Бо боду борони баҳор.
Ҷоҳоби хуш аз ёд рафт,
Бо боду борони баҳор.
Бо ёди ту дар синаам
Ин дил ба дардак мезанад.
Бо ёди ту дар синаам
Ин дил ба дардак мезанад.

Борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Э, борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.

Гуфтам: накан ин лоларо,
Ин духтари қинғоларо.
Гуфтам: накан ин лоларо,
Ин духтари қинғоларо.
Донӣ, ки ҳар нозандае
Дар чанги мардак мезанад.
Донӣ, ки ҳар нозандае
Дар чанги мардак мезанад.

Борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Э, борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.
Борони нармак мезанад,
Э, борони нармак мезанад,
Борони нармак мезанад,
Борони нармак мезанад.

9. Мавригӣ

Саҳар дар шохаҳои гул.
Туро мебинам, эй булбул.
Ту, эй, ту, эй булбули хушхон,
Зи шавқи гул бизан фарёд.
Бизан фарёд, бикун ғулғул,
Адояте.

Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Аз сурури ҷон карда ноз ҳамешӣ,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Ман кушта ба лаб газиданот ҳамешӣ,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Ман кушта ба лаб газиданоят ба шумо,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дил додану дил рабуданот ҳамешӣ,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун,
Дилбарам ба хоб аст, бедораш макун.

Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт.
Чашмони сиёҳи ноза сунбулхуши ту,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт.
Бо наргиси пурхумори оламкуши ту,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт.
Мардум мегане, куҷо шуд ақлу ҳуши ту,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт.
Ақлу ҳуши ман маҳви ҷамоли хуши ту,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт.
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт.
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт,
Ёрам лаби бом омад, нигоҳ карду бирафт.

Дар боғу чамани гул чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чамани гул чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Рафтем раҳи дуродур, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул.
Овардем ниҳоли гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул.
Ин гула куҷо монем, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул.
Дар чорбоғи Мирзогул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул.
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул.
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул,
Дар боғу чаман, эй гул, чаҳ-чаҳ мезанӣ, булбул.

Гули бодом, гули бодоме,
Гули бодом, гули бодоме,
Ёри нодон, ёри нодоне,
Ёри нодон, ёри нодоне,
Ҳой, аз кӯча гузар ман аз барои ту кунам,
Гули бодом, гули бодоме,
Ҳой, андеша ба чашмони сиёҳи ту кунам,
Гули бодом, гули бодоме,
Ҳой, андеша ба чашмони сиёҳи ту нашуд,
Гули бодом, гули бодоме,
Ҳой, як ҷони ширин дораму қурбонат кунам,
Гули бодом, гули бодоме,
Гули бодом, гули бодоме,
Гули бодом, гули бодоме,
Ёри нодон, ёри нодоне,
Ёри нодон, ёри нодоне,
Оҳ, гули бодом, гули бодоме,
Ёри нодон, ёри нодоне,
Оҳ, гули бодом, гули бодоме,
Ёри нодон, ёри нодоне,
Оҳ, гули бодоме.

10. Мавригӣ

Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда,
Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда.

Эй ёраки ҷон, аз ту надорам озор, вой доде,
Чашмони сиёта садқа,
Дар гӯшаи қошони ту кардам бозор, вой доде,
Қошони сиёта банда,
Се моҳи зимистонай, се моҳи баҳор, вой доде,
Чашмони сиёта садқа,
Гул дар ғами боронай, ман дар ғами ёр, вой доде,
Қошони сиёта банда.

Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда,
Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда.

Эй ёраки ҷон, бало будӣ, донистам, вой доде,
Чашмони сиёта садқа,
Ту дилбари бевафо будӣ, донистам, вой доде,
Қошони сиёта банда,
Аз рӯзи азал, чӣ дӯстакат медоштам, вой доде,
Чашмони сиёта садқа,
Охир, ки ту бевафо будӣ, донистам, вой доде,
Қошони сиёта банда.

Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда,
Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда.
Ҳой ака, ҳей ука,
Биё занем қарсака,
Ҳой ака, ҳей ука,
Биё занем қарсака
Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда,
Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда.
(Такмили Ҳаётой Мӯъминова)